ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №329 АЗ 30.06.2022
Дар бораи таҷлили ҷашни 31 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ ва бадеӣ таҷлил намудани ҷашни 31 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва дар ин замина баланд бардоштани ҳисси хештаншиносиву худогоҳии сокинони пойтахт, инчунин иҷрои банди 71 Нақшаи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2022, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 29 декабри соли 2021, №791 тасдиқ гардидааст, мутобиқи моддањои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”
ҚАРОР МЕКУНАМ:
- Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили ҷашни 31 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи замима тасдиқ карда шавад.
- Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаи чорабиниҳои мазкурро таъмин намоянд.
- Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти татбиқи нақшаи чорабиниҳоро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.
- Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ