ТИФЛИ 10 МИЛЛИОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ХОНАИ ХУД ОМАД
26 Июли 2022, Сешанбе
ш.Душанбе. 26.07.2022. Имрӯз оилаи тифле, ки баробари таваллуд шуданаш аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион нафар расид ба манзили истиқоматии нави худ омаданд. Калиди хонаи нави манзили истиқоматии сеҳуҷрагӣ ба волидайни тифли хуштолеъ, ки дар асоси дастуру супоришњои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ќарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷудо карда шудааст, аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар фазои тантанавӣ ба хонаводаи тифли навзод дар таваллудхона тақдим гардида буд. Хотиррасон мешавем, ки ин тифл, ки баробари ба дунё омаданаш шумораи аҳолии Тољикистон ба 10 миллион нафар расид, 23-июли соли 2022 соати 12:27 дақиқа дар таваллудхонаи №2-и шаҳри Душанбе ба дунё омада, модари тифл сокини шаҳри Душанбе Махфират Шокирова мебошад. Тифли навзод дар ин оилаи ҷавон нахустфарзанд буда, модараш Махфират Шокирова ва падараш Фаридун Баротов мебошад. Махфират Шокирова ҳамроҳи ҳамсару тифли навзоди худ пас аз рухсат шудан аз таваллудхона, ба хонаи сеҳуҷрагии истиқоматии нав омаданд. Оилаи хуштолеъро намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва наздикону пайвандон ҳамроҳӣ намуданд. Дар робита ба ҷудо намудани хонаи сеҳуҷрагӣ дар дар яке аз биноҳои истиқоматии навбунёди пойтахти мамлакат аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарори дахлдор ба тасвиб расида, навхонадорон бо тамоми ашёи рӯзгор таъмин карда шуданд. Оилаи тифл, ки имрӯз ба хонаи нави худ омаданд, ба Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва тӯҳфаи арзишманд арзи сипосу миннатдории бепоён намуданд.
Ввод
Написать в