ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №430 АЗ 09.08.2022
09 Августи 2022, Сешанбе
Дар бораи ташкил ва баргузории истироҳати тобистонаи хонандагони болаёқат ва Олимпиадаи даставии «Ҷоми пойтахт» дар шаҳри Душанбе
Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар соли 2022» аз 23 майи соли 2022, №248, бандҳои 49 ва 57-и Нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2022, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 29 декабри соли 2021, №791 тасдиқ гардидааст, инчунин амалисозии тадбирҳо вобаста ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон гардидани солҳои 2020-2040», ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо ва дар ин замина мусоидат намудан дар касбинтихобкунии наврасон аз рӯйи ихтисос ва касбҳои ба фанҳои мазкур алоқаманд, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Аз 15 то 21 августи соли 2022 дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Зимчуруд»-и ноҳияи Шоҳмансур лагери омӯзишиву истироҳатии хонандагони болаёқат ва Олимпиадаи даставии «Ҷоми пойтахт» баргузор карда шавад.
2. Низомномаи Олимпиадаи даставии «Ҷоми пойтахт», Кумитаи тадорукот ва ҳисобномаи хароҷотии он тибқи замимаҳои 1, 2 ва 3 тасдиқ карда шаванд.
3. Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Раиси ноҳияи Шоҳмансур барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани Олимпиадаи даставии «Ҷоми пойтахт» тадбирҳои амалӣ андешанд.
4. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе ҷиҳати ташкил ва баргузории лагери омӯзишиву истироҳатии хонандагони болаёқат ва Олимпиадаи даставии «Ҷоми пойтахт» аз ҳисоби маблағҳои ба соҳаи маориф пешбинишуда маблағи 250100 (ду саду панҷоҳ ҳазору сад) сомонӣ ба суратҳисоби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷудо намояд.
5. Шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар рӯзҳои баргузории лагери омӯзишиву истироҳатии хонандагон болаёқат ва Олимпиадаи даставии «Ҷоми пойтахт» иштирокчиёни онро бо нақлиёти мусофирбар таъмин намояд.
6.Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» муҳтавои қарори мазкур ва рафти баргузории чорабиниро тавассути воситаҳои ахбори омма ба таври васеъ инъикос намоянд.
7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ