ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №523 АЗ 07.10.2022
Дар бораи қатъ намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ҳангоми баргузории Чемпионати кушоди варзишӣ оид ба велосипедронӣ бахшида ба 30–солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бо мақсади иҷрои банди 20 Нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 31 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 13 июни соли 2022, №291 тасдиқ гардидааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ва моддаҳои 7 ва 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»
ҚА Р О Р М Е К У Н А М:
1. Ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз назди Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, кӯчаи Карамов то собиқ дидбонгоҳи Чорбоғ ва бозпас то макони оғоз санаи 8 октябри соли 2022 аз соати 0730 то 1100 манъ карда шавад.
2. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар кӯчаҳои ҳамшафати макони баргузории Чемпионати кушоди варзишӣ оид ба велосипедронӣ бахшида ба 30 – солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои мушаххаси мақсаднокро барои бехатарии ҳаракати шаҳрвандон роҳандозӣ намояд.
3. Шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи соҳаи нақлиёти шаҳрӣ ҷиҳати таъмини мунтазами ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум тавассути дигар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе тадбирҳои зарурӣ андешанд.
4. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти чорабиниро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.
Рустами Эмомалӣ