Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №554 АЗ 14.10.2022

14 Октябри 2022, Ҷумъа

Дар  бораи   баргузор   намудани  чорабинии «Пӯшидашавии мавсими мототсиклронӣ-2022»

Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ доир намудани чорабинии «Пушидашавии мавсими мототсиклронӣ-2022» ва бо ҳамин роҳ дастгирӣ намудани ташаббуси ҷомеаи шаҳрвандӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», 

                                                                        ҚАРОР МЕКУНАМ:

   1. Ба клуби мототсиклронҳои «Ирбис МСС Тоҷикистон» барои баргузор намудани чорабинии «Пушидашавии мавсими мототсиклронӣ-2022» санаи 22 октябри соли 2022, аз соати 1100 то соати 1200 иҷозат дода шавад.

   2. Макони ҷамъшавӣ ва бақайдгирии иштирокчиён дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» аз соати 1100 то 1200 муайян карда, ҳаракати қатораи иштирокчиён бо мушоиати автомобилҳои роҳбонии шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ба самти кӯчаи Карамов - хиёбони Рӯдакӣ, гардиш ба тарафи рост то чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ - кӯчаи Бухоро, гардиш ба кӯчаи Бухоро - Турсунзода, гардиш ба тарафи рост - кӯчаи Шоҳтемур, ҳаракат то роҳи ҳалқавии гардиши Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Комбинати хӯроквории Тоҷикистон» ва баромад ба кӯчаи Дӯстии халқҳо то Муассисаи давлатии «Боғи «Ғалаба» ва нигоҳдории  ҷангал»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба роҳ монда шавад.

   3. Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва тандурустии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии ҳаракат дар роҳ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии «Ёрии таъҷилии тиббӣ» ва риояи Маромномаи сокини пойтахт зимни баргузории чорабинӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

   4. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти чорабиниро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд. 

   5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шањри Душанбе, сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.

                                                                                                   Рустами Эмомалӣ

Илова кунед