ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №562 АЗ 19.10.2022
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 23 июли соли 2009, №374 «Дар бораи таъмини фаъолияти бонизоми нақлиёти мусофиркашонии ба пойтахт воридшаванда»
Бо мақсади ба танзим даровардани воситаҳои нақлиёти мусофирбари ба ҳудуди шаҳри Душанбе воридшаванда ва хатҳои сайри дохилишаҳрӣ, коҳиш додани шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва иҷрои бандҳои 1, 2 ва 3 Нақша - чорабиниҳо оид ба низом даровардани фаъолияти нақлиёти мусофирбарӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонҳо дар шаҳри Душанбе, ки аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, бо инобати риояи талаботи Қоидаҳои ҳамлу нақли мусофирон ва бори дастиву бағоҷ бо нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 20 Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Ба қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 23 июли соли 2009, №374 «Дар бораи таъмини фаъолияти бонизоми нақлиёти мусофиркашонии ба пойтахт воридшаванда» тағйиротҳои зерин ворид карда шавад:
- дар банди 1 калимаҳо ва рақамҳои «30 июли соли 2009» ба калимаҳо ва рақамҳои «20 октябри соли 2022» иваз карда шавад;
- сархати 1, банди 5 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
- «ноҳияи Варзоб ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суѓд тавассути роҳи автомобилгарди минтақаи шимоли пойтахт бо ҷойгиршавии онҳо дар терминали «Чорбоѓ» муайян намуда, нуқтаи охири хатсайрҳои микроавтобусии №№52, 19 ва хатсайрҳои автобусии №№3, 29 ва 41 терминали мазкур муқаррар карда шаванд;
2. Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиёт-хадамотрасон» вазифадор карда шавад, ки ба нақшаи ҳаракати хатсайрҳои автобусию микроавтобусии дар банди 1-и қарори мазкур дарҷгардида, таѓийротҳои заруриро ворид намояд.
3. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисањои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарори мазкурро тавассути васитаҳои ахбори омма таъмин намоянд.
4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якум ва муовини Раиси шаҳри Душанбе - сарпарасти соҳаи нақлиёт вогузор карда шавад.
Рустами Эмомалӣ