ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №630 АЗ 18.11.2022
Дар бораи муваққатан қатъ намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ҳангоми баргузории «Дави дӯстӣ»-и Тоҷикистону Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе
Бо мақсади доир намудани «Дави дӯстӣ»-и Тоҷикистону Ҳиндустон бо ҷалби варзишгарону мураббиёни муассисаҳои тайёрии варзишии ҷумҳуриявию шаҳрӣ ва намояндагони сафоратхонаҳо дар шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ва моддаҳои 7 ва 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»
Қ А Р О Р М Е К У Н А М:
1. Ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз назди Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, кӯчаи Карамов санаи 20 ноябри соли 2022 аз соати 0830 то 1100 муваққатан қатъ карда шавад.
2. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар кӯчаҳои ҳамшафати макони баргузории «Дави дӯстӣ»-и Тоҷикистону Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе чораҳои мушаххаси мақсаднокро барои бехатарии ҳаракати шаҳрвандон роҳандозӣ намояд.
3. Шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи соҳаи нақлиёти шаҳрӣ ҷиҳати таъмини мунтазами ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум тавассути дигар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе тадбирҳои зарурӣ андешанд.
4. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти чорабиниро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.
5. Назорати иљрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шањри Душанбе, сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.
Рустами Эмомалӣ