ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, РОҲНАМОИ ҲАР ЯК СОКИНИ МАМЛАКАТ
ш.Душанбе. 13.01.2023. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба шарҳу тавзеҳи моҳияти паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон бо кормандони соњаи савдо, иќтисод ва андози пойтахт доир гардид. Зимни баромади хеш муовини раиси шаҳри Душанбе бо ишора ба паём иброз доштанд, ки соли 2022 корҳо ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият пайдо карда, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин карда шуд. Дар панҷ соли охир сатҳи неку аҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пули аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид. Музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфт. Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд
Дар доираи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат доир ба дастгирии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар ин самт барои соҳибкорон имтиёзу сабукиҳои зиёд ҷорӣ карда шуданд. То имрӯз ба онҳо беш аз 120 намуди имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод шуда, шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1 кам гардида, хизматрасонӣ дар ин самт ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст. Дар соли 2022 маблағи имтиёзҳои андозиву гумрукии истифодагардида зиёда аз 12 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Таъкид шуд, ки Пешвои миллат дар Паёмашон тамоми самтҳои давлатдориро бори дигар таҳлилу баррасӣ намуда, вазифаҳоро барои фаъолият дар соли ҷорӣ тарҳрезӣ карданд. Мақсади вохӯрии мазкур ин дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони кишвар, намояндагони касбу кори гуногун ва масъулини муассисаҳои соҳавии кишвар мебошад.
Дар идома аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд,ки баҳри ободии кишвари азизамон шаҳри Душанбе ҳамеша саҳмгузор бошанд.