Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №69 АЗ 27.02.2023

27 Феврали 2023, Душанбе

   Дар бораи баргузор намудани 4-умин мусобиқаи байналмилалии «Гӯштингирӣ» барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» бахшида ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз-2023

   Бо мақсади дар сатҳи баланди омодагӣ таҷлил намудани ҷашни «Наврӯзи байналмилалӣ», ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»,

                                                               ҚАРОР МЕКУНАМ:

   1. Чорумин мусобиқаи байналмилалии «Гӯштингирӣ» барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» бахшида ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз-2023 санаҳои 18-19 марти соли 2023 дар Корхонаи воҳиди давлатии «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ» баргузор карда шавад.

   2. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба баргузор намудани мусобиқаи байналмилалии «Гӯштингирӣ» барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» бахшида ба таҷлили ҷашни «Наврӯзи байналмилалӣ», ҳайати кумитаи тадорукот ва ҳисобномаи хароҷотии баргузории мусобиқа тибқи замимаҳои 1, 2 ва 3 тасдиқ карда шавад.

   3. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои Фонди рушди пойтахт тибқи замимаи 3 маблағи 1196000 (як милиону яксаду навадушаш ҳазор) сомониро бо назардошти андозҳо ба Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд.

   4. Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, роҳбарони сохторҳои марбутаи дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи зикршуда чораҳои зарурӣ андешанд.

   5. Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо кумитаи тадорукот, сохторҳои ҷумҳуриявӣ ва Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи «Гӯштингирӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки беҳтарин варзишгарони кишварҳои хориҷӣ ва варзишгарони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро дар мусобиқаи мазкур таъмин намоянд.

   6. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории мусобиқаи мазкурро дар ҳамкорӣ бо муассисаи давлатии «Телевизиони варзиш» таъмин намоянд.

   7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе ва муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                                                     Рустами Эмомалӣ

Илова кунед