ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №78 АЗ 27.02.2023
Дар бораи баргузор намудани Фестивали байналмилалии «Наврӯзи Душанбе - 2023»
Бо мақсади ташвиқу тарғиби ғояҳои созандагии Иди байналмилалии Наврӯз, омӯзиш ва арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун, таҳким бахшидани муносибатҳои дӯстона, тарғиби арзишҳои инсонпарварона, сулҳу ваҳдат, фароҳам овардани шароити мусоид баҳри ҷалби сайёҳон ва дар ин замина муаррифӣ намудани Душанбе ҳамчун шаҳри сайёҳӣ, инчунин иҷрои банди 10 Нақшаи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2023, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 30 декабри соли 2022, №719 тасдиқ гардидааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Фестивали байналмилалии «Наврӯзи Душанбе - 2023» санаи 21 марти соли 2023 баргузор карда шавад.
2. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва баргузории Фестивали байналмилалии «Наврӯзи Душанбе - 2023», ҳайати кумитаи тадорукот ва ҳисобномаи хароҷотии баргузории он тибқи замимаҳои 1, 2 ва 3 тасдиқ карда шаванд.
3. Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани фестивали мазкур тадбирҳо андешанд.
4. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе 464550 (чорсаду шасту чор ҳазору панҷсаду панҷоҳ) сомонӣ ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тибқи харҷномаи замимаи 3 ҷудо намояд.
5. Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пардохти саривақтии маблағҳои ҷудошударо тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намояд.
6. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти баргузории чорабиниро тариқи воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.
7. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ