Тоҷикӣ

МАРОСИМИ ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ЗАНОНИ ПОЙТАХТ

03 Марти 2023, Ҷумъа

ш.Душанбе.03.03.2023. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Модар, дар тарабхонаи “Яккасарой” маросими ҳавасмандгардонии занони фаъоли пойтахт доир гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони корхонаву муассисаҳо, сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, соҳибкорони ташаббускор ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.
Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим бо паёми табрикотии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳозиринро шодбош гуфта, зикр намуданд, ки занони фаъолу ташаббускори шаҳри Душанбе ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти пойтахт қарор дошта, ҳамаҷониба ва мунтазам дастгирӣ меёбанд.
Дар идома ба соҳибкорони ташаббускор, корхонаву муассисаҳо, тарабхонаву меҳмонхонаҳо ва дигар ташкилотҳое, ки дар корҳои ҷамъиятӣ, саҳмгузорӣ дар татбиқи босамари сиёсати давлатии занон, нишон додани эҳсоси баланди худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва дар татбиқи нақшаву ибтикороти шаҳрдорӣ мусоидат намуданд, ифтихорномаву туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тақдим гардид.
Дар фарҷоми чорабинӣ баҳри болидахотирии иштирокчиён барномаи фарҳангии сарояндагони машҳур ва истеъдодҳои ҷавони пойтахт магзур карда шуд.

Илова кунед