ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПОЙТАХТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-ШАҲРИ ДУШАНБЕ ВА БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ШАҲРИИ ФЕСТИВАЛИ “ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД
ш.Душанбе. 14.04.2023. Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ” таҷлили рӯзи пойтахт дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои иҷрои банди 4 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, №АП-318 Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 ва ќарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе аз 11 апрели соли 2023, №183 даври шаҳрии Фестивали «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» бо шукӯҳи хоса баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории фестивали мазкур ин њифз ва нигоњдории мероси ѓайримоддии фарњангї, тарбияи њисси зебопарастӣ, хештаншиносї, њунармандї ва ватандўстї, эњёи анъанањои аљдодии њунарњои мардумї ва оммавї гардонидани суннатњои бењтарини њунарњои мардумї, тарѓиби таљрибаи пешќадами њунармандони варзида, муарифии намудњои гуногуни мањсулоти њунармандї ва дастгирию њавасмандгардонии њунармандони ватанӣ мебошад.
Озмун аз рӯи 6 номинатсия: истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, бофандагӣ ва либос, коркарди чӯб ва маснуоти чубӣ, металл ва маснуоти филизӣ, созҳои мусиқӣ, санъати нафиса баргузор гардид.
Мавриди зикр аст, ки бо ташаббус ва дастгирињои Асосгузори сулҳу - Ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муњтарам Эмомалӣ Раҳмон њунарњои мардумї дар Тољикистони азизамон эњё гардида, бо суръат рушд менамояд. Бо ташабуси Президанди мамлакат ҳунармандон аз андозҳо озод карда шуда, барои ҳунарманд ва соњибкорон ќарзњои имтиёзнок муқарар карда шудааст.
Дар чорабинӣ роҳбарияту намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату идораҳо ва ҳунармандони соҳибтаҷриба аз чор ноҳияи пойтахт иштирок намуданд.
Нахуст меҳмонону иштирокчиёни озмун аз номоиши ҳунари ҳунармандони соҳибзавқу ботаҷрибаи чор ноҳияи пойтахт, ки дар даромадгоҳи Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ”, ки ба маъраз гузошта шуда буд, дидан намуда, ба ҳунари воло ва дастранҷи онҳо баҳои баланд доданд.
Дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Саломзода Сиҷоуддин суханронӣ намуда, мақсади баргузории фестивалро баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, қадру манзалати ҳунари миллӣ, рушди ҳунарҳои миллӣ дар пойтахт, инчунин муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ маънидод намуд.
Баъдан дар фазои тантанавӣ ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмуни «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо диплому сипоснома ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.