Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №229 АЗ 01.05.2023

01 Майи 2023, Душанбе

Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар соли 2023

Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми апрели соли 2023, №126 “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2023” ва фароҳам овардани шароити мусоид дар давраи истироҳати тобистона барои беҳдошти саломатии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ки аз буҷети шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он маблағгузорӣ карда мешаванд, ҷалби онҳо ба сайёҳиву солимгардонӣ, тарбияи ватандӯстиву завқи зебоипарастӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”

                                             ҚАРОР  МЕКУНАМ:

  1. Муовини Раиси шаҳри Душанбе сарпарасти соҳа, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои дахлдор:

 - истироҳати хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанберо, ки аз буҷети шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он маблағгузорӣ карда мешаванд, дар мавсими таътили тобистонаи соли 2023 дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва майдончаҳои истироҳатию солимгардонии назди муассисаҳои таълимии пойтахт бо дарназардошти талаботҳои санитарию эпидемиологӣ ҷиҳати пешгири аз бемории сироятӣ ташкил намоянд. (замимаҳои 1, 2 ва 3 );

   - барои ташкили самараноки истироҳати тобистона ва солимгардонии кӯдакон ва наврасон дар истироҳатгоҳу фароғатгоҳҳо истифодаи маблағҳои ба ин мақсад пешбинишударо таъмин намоянд;

   - то 1 июни соли 2023 дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии «Зимчуруд», «Гулхан», «Шарора»  ва  «Орзу», инчунин майдончаҳои истироҳатию  солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ, ки дар онҳо ташкилу баргузории истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон пешбинӣ шудааст, корҳои ободонӣ, сохтмонӣ, таъмиру барқароркунӣ, муҷаҳҳазгардонии биноҳо ва майдончаҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, кабудизоркунию ниҳолшинониро ба анҷом расонида, иншооти мазкурро барои қабули кӯдакону наврасон омода намоянд;

    - ифтитоҳи ҳама намудҳои истироҳатгоҳҳоро танҳо дар асоси хулосаи мақомоти ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва бехатарӣ аз сӯхтор иҷозат дода, дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, варзишӣ ва солимгардонӣ таъмини хӯроки гармро тибқи талаботи қоида ва меъёрҳои санитарӣ ташкил намоянд;

    - истироҳатгоҳҳои мавсимии беруназшаҳрӣ, варзишию солимгардонӣ ва наздимактабиро бо мутахассисон таъмин намуда, барои пешниҳоди роҳхатҳо ба кӯдакони ятиму бепарастор, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, кӯдакони болаёқат ва кӯдакони кормандони соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, инчунин ҳамлу нақли онҳо ба истироҳатгоҳҳо ва бозгашт тадбирҳои зарурӣ андешанд ва ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва воҳиди сохтории он дар шаҳри Душанбе дархост пешниҳод намуда, онҳоро бо роҳхат таъмин намоянд; 

  1. Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе роҳбарии методии ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасонро таъмин карда, барои гузаронидани чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ва таъминоти истироҳатгоҳҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ чораҷӯӣ намояд.
  2. Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ҷиҳати бо мутахассисони зарурии тиббӣ таъмин намудани истироҳатгоҳҳо ва фароғатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, варзишӣ, солимгардонӣ тадбирҳо андешида, назорати вазъи санитарию гигиении истироҳатгоҳҳоро дар давраи таътили тобистона таъмин намояд.
  3. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бехатарии кӯдакон ва наврасонро дар истироҳатгоҳҳо ва фароғатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва дар роҳи сафари муташаккилонаи онҳо ба маҳалҳои истироҳатӣ ва бозгашт таъмин намоянд.
  4. Шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе вазифадор карда шавад, ки ҳангоми сафари муташаккилонаи кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ва фароғатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, онҳоро бо нақлиёти ҷамъиятӣ таъмин намояд.
  5. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи  Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» рафти баргузории истироҳати тобистонаи хонандагон ва муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба таври васеъ инъикос намоянд.

     7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.                                                                                                   

                                                                                      Рустами Эмомалӣ

 

 

Илова кунед