ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ РӮЗИ ОИЛА ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
15 Майи 2023, Душанбе
ш.Душанбе.15.05.2023. Оила бақои давлат ва ҷамъият буда, зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас маҳз аз он сарчашма мегирад. Яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти имрўзи ҷомеа бунёди оилаву ҷомеаи солим ва тарбияи насли ояндасоз ба шумор меравад, ки ҳалли дурусти он ба тарзи ҳаёт ва ҷараёни инкишофи худи инсон ва рушди ҷомеа вобаста мебошад.
Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 12 майи соли 2023, №253 «Дар бораи таҷлил намудани «Рӯзи байналмилалии оила» дар шаҳри Душанбе чорабинии маърифатӣ-фарҳангиро таҳти унвони «Оила-макони меҳру муҳаббат» бо иштироки оилаҳои намунавӣ аз ҳама соҳаҳои мухталифи ҷомеа, баргузор намуд.
Мақсад аз баргузор намудани чорабинӣ муқаддас донистани арзишҳои оиладорӣ, нигоҳдории меҳру муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ дар оила, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона, ва дар фазои муҳаббату якдигарфаҳмӣ мустаҳкам ва пойдор нигоҳ доштани оила мебошад.
Дар чорабинии мазкур узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар ва Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, қайд карданд, ки маҳз дар оила зиндагии инсон оғоз меёбад, маҳз дар он одамизод муҳаббат, эҳтиром, хурсандӣ ва меҳрубонӣ меомӯзад.
Оила ва суннатҳои оиладорӣ дар ойинҳои миллии тоҷикӣ ба фарҳанг ва маърифати ин миллати куҳанбунёд асос ёфтаанд. Гузаштагони фарҳангсиришти мо дар ин маврид рисолаву таълимоти хоссаи худро эҷод кардаанд, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсола пайваста амиқтару мукаммалтар гардидаанд. Дар баробари ин ойинҳои оиладории тоҷикон аз маросим ва суннатҳои дигари рӯзгори миллати тоҷик, мисли ҷавонмардиву футувват, озодагиву озодманишӣ, хайрхоҳиву накӯкорӣ ва инсонпарвариву башардӯстиву адолатпешагӣ сарчашма ва ғизо мегиранд. Яъне, ойинҳои оиладории миллии мо ҳадафу расолати худро дошта, дар ин мавзӯъ гузаштагони адабпарварамон таълимот ва рисолаҳои зиёде ба мерос гузаштаанд.
Дар охир баҳри болидахотирии ҳозирин барномаи ҷолиби фарҳангӣ, бо иштироки ҳунармандони саршинос намоиш дода шуд.