ЭЪЛОН: ҚАТЪ ГАРДИДАНИ ҲАРАКАТИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи мусофирон ва ронандагони нақлиёти мусофирбари самти минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон мерасонад, ки дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 14.12.2020, №642 ва оғоз гардиани корҳои сохтмонӣ дар Маркази ташхиси техникӣ, ҳаракати нақлиёти мусофирбари самти минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон тавассути дарвозаи шарқӣ бо ҷойгиршавӣ дар терминали мусофирбарии “Шарқ Транс” (самти даромадгоҳи ш.Ваҳдат) муайян гардидааст. Аз ин лиҳоз аз мусофирон ва ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбари самти минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон хоҳиш карда мешавад, ки аз терминали мусофирбарии “Шарқ Транс” истифода намоянд.