Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №362 АЗ 30.06.2023

30 Июни 2023, Ҷумъа

Дар бораи даъват намудани иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум

Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,

                                                     ҚАРОР  МЕКУНАМ:

1.  Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум 12 июли соли 2023, соати 900 дар толори бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ–40 даъват карда шавад.

2.  Ба рӯзномаи иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:

2.1. Гузориши раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқи ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №21;

2.2. Дар бораи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили ҷашни 35–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе;

2.3. Дар бораи ҷараёни амалишавии «Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2021–2025» дар шаҳри Душанбе;

2.4. Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2023 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм;

2.5. Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии № 66.

2.6. Дар бораи таъин намудани интихобот дар ҳавзаи интихоботии №66.

2.7. Дар бораи таъсис додани Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоби вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе.

2.8.  Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе.

3.   Барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гуруҳи корӣ таъсис дода шавад (замимаи 1).

4.  Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷааш ба гуруҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум то санаи 10 июли соли 2023 таклифҳои мушаххас пешниҳод намоянд (замимаи 2).

5.   Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо тартиби муқарраргардида муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба самъи сокинони пойтахт расонида, таклифу пешниҳодҳои вобаста ба иҷлосия воридшударо ба гуруҳи корӣ манзур созад.

6.  Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Қурбонализода Н.Ш. гузошта шавад.

                                                                               Рустами Эмомалӣ

Илова кунед