Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №438 АЗ 08.08.2023

08 Августи 2023, Сешанбе

Дар бораи баргузор намудани озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади иҷрои банди 9 Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, №204 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030», ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 18 июли соли 2022, №372 тасдиқ гардидааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,

                                                ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» дар шаҳри Душанбе баргузор карда шавад. 

2. Низомномаи озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон», ҳайати Комиссия ва ҳисобномаи хароҷотии он тибқи замимаҳои 1, 2, 3 тасдиқ карда шаванд.

3. Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози озмуни мазкур муқаррар гардида, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани он чораҷӯӣ намояд.

4. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе дар доираи сметаи хароҷотии Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тибқи замимаи 3 маблағи 8340 (ҳашт ҳазору сесаду чил) сомониро таъмин намояд.

5. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси рафти баргузории чорабинии мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                                          Рустами Эмомалӣ

Илова кунед