Тоҷикӣ

МУЛОҚОТИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРУИИ ТОҶИКИСТОН БО РАИСИ СЕНАТИ ОЛИЙ МАЖЛИСИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

13 Сентябри 2023, Чоршанбе

   ш.Душанбе. 13.09.2023. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Нарбаева Танзила, ки бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овард, мулоқот намуданд.
Зимни мулоқот раисони палатаҳои болоии парламентҳои ду кишвар вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид доштанд, ки рушди ҳамаҷониба ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон дар сиёсати хориҷии кишвари мо мавқеи афзалиятнокро ишғол намуда, инъикосгари талошҳо ва ҷавобгӯи манфиатҳои аслии ду халқи бо ҳам дӯст мебошад.
Зикр гардид,ки дар тӯли беш аз сӣ соли барқарории робитаҳои дипломатӣ муносибатҳои байни Тоҷикистону Ӯзбекистон бо такя ба заминаи устувори ҳамсоягии нек, ҳамкории мутақобилан судманд ва боназардошти эҳтироми манфиатҳои тарафайн, аз озмоишҳои зиёд гузашта, ба сатҳи шарикии стратегӣ расидаанд.
Имрӯз робитаҳои байни ду давлат дар соҳаҳои сиёсию дипломатӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмиву техникӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, ҳарбию техникӣ ва дигар соҳаҳо бомуваффақият рушд мекунанд.
Ҷонибҳо ба тавсеаи фаъоли робитаҳои байнипарламентӣ, инчунин ҳамкории парламентҳои ду кишвар дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои байналмилаливу байниминтақавӣ таваҷҷуҳи хоса дода, ҳавасмандии худро барои баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳо дар ин самт иброз намуданд.
Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар бахшҳои мухталиф баррасӣ карда, омодагии хешро ҷиҳати тақвияти муколамаи байнипарламентӣ ва таъмини рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо таваҷҷуҳ ба манфиатҳои мардумони ду кишвар, изҳор доштанд.
Ҳамчунин, дар робита ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла вобаста ба вазъи Афғонистон табодули назар анҷом дода шуд.
Пас аз музокироти дуҷониба маросими имзои Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.
Бояд гуфт, ки бо имзои Созишномаи мазкур сатҳи муносибатҳои байнипарламентии Тоҷикистону Ӯзбекистон тавсеа ёфта, он дар сатҳи Комиссияи доимоамалкунанда ба роҳ монда мешавад.

Илова кунед