ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №518 АЗ 28.09.2023
Дар бораи таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Бо мақсади дар сатҳи баланди ғоявӣ ва бадеӣ таҷлил намудани Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гиромидошти забони давлатӣ, инчунин иҷрои банди 86 Нақшаи кори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2023, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 30 декабри соли 2022, №719 тасдиқ гардидааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
Қ А Р О Р М Е К У Н А М :
- Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи замима тасдиқ карда шавад.
- Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаи чорабиниҳои мазкурро таъмин намоянд.
- Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти татбиқи нақшаи чорабиниҳоро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.
4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ