МУЛОҚОТИ МУОВИНИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БО НАМОЯНДАГОНИ ИНСТИТУТИ НАҚЛИЁТИИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ
18 Октябри 2023, Чоршанбе
Дар шаҳри Душанбе вохӯрии муовини Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Фирдавс Ҳамроҳ бо намояндаи Институти нақлиётии Ҷумҳурии Корея Ҳон Ки Ли доир гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои роҳандозии ҳамкории ҳамаҷониба миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Институти нақлиётии Ҷумҳурии Корея мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар ҷараёни музокирот таваҷҷуҳи хос ба масъалаҳои омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳавӣ, мубодилаи таҷриба ва гузаронидани татқиқотҳо дар самти инфрасохтори роҳу нақлиёт зоҳир шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ мубодилаи афкори судманд анҷом доданд.