Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №582 АЗ 27.10.2023

27 Октябри 2023, Ҷумъа

Дар бораи доир гардидани мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба «Дави бокс» ва қатъ намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ҳангоми баргузории он

Бо мақсади оммавӣ гардонидани варзиш, тарзи ҳаёти солим, ҷалби шаҳрвандон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ва моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»

                                                         Қ А Р О Р   М Е К У Н А М:

1. Ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз назди Муассисаи давлатии «Майдони Истиқлол» тариқи кӯчаи Саид Носир пайваст бо хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то пули қаторгузари назди Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бозгашт то макони оғоз санаи 28 октябри соли 2023 аз соати 10 00 то 15 00  манъ карда шавад.

2. Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамоҳангӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи бокси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор гардидани чорабинии мазкур чораҳои заруриро роҳандозӣ намояд.

3. Ҳайати Кумитаи тадорукоти мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба «Дави бокс» тибќи замимаи №1 тасдиќ карда шавад.

4. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар кӯчаҳои ҳамшафати макони баргузории «Дави бокс» ва бехатарии ҳаракати шаҳрвандон чораҳои мушаххаси мақсаднокро роҳандозӣ намояд.

5. Шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи соҳаи нақлиёти шаҳрӣ ҷиҳати таъмини мунтазами ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум тавассути дигар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе тадбирҳои зарурӣ андешанд.

6. Шуъбаи итилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи  «Паёми Душанбе» дар якҷояги бо Муассисаи давлатии «Телевизиони варзиш» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти чорабиниро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.

7. Назорати иљрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шањри Душанбе, сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.

                                                                                          Рустами  Эмомалӣ

Илова кунед