Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №638 АЗ 20.11. 2023

20 Ноябри 2023, Душанбе

Дар бораи абадӣ гардонидани хотираи Бозор Собир

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», банди 11 Тартиби номгузорӣ ва дигар кардани номи корхонаҳои давлатӣ, истгоҳҳои роҳи оҳан, фурудгоҳҳо, ташкилоту муассисаҳо, таълимгоҳҳо, инчунин объектҳои физикию Ҷуғрофӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009, № 609 тасдиқ шудааст,


                  ҚАРОР    МЕКУНАМ:

1. Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе бо тартиби муқарраргардида ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар бораи номгузорӣнамудани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба номи шоири маъруфиҶумҳурии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон» дараҷаи 3 Бозор Собир таклифпешниҳод намояд.

2. Комиссияи мазкур бо тартиби муқарраршуда маводҳои дахлдорро барои баррасӣ дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе омода намояд.

3. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе гузошта шавад.

                      Рустами Эмомалӣ

Илова кунед