МАРОСИМИ ҚАДРШИНОСИИ БЕҲТАРИНҲО ВА ТАШКИЛОТҲОИ ҲАМКОР ДАР СОҲАҲОИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР СОЛИ 2023
27 Январи 2024, Шанбе
ш.Душанбе. 27.01.2024. Имрӯз дар "Кохи Суруш"-и пойтахт, бо иштироки муовинони Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, Абдураҳмонзода Абдураҳмон ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ҳамчунин муовинони Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, сохторҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сохторҳои марказӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе муовинони ректорон, директорони коллеҷҳо, кормандони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии “Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ”-и шаҳри Душанбе, мудирони бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияҳои И.Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Сино, директорон ва ҷонишинони директорони муассисаҳои давлатии “Мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпӣ” дар шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олию миёнаи касбии ҳудуди шаҳри Душанбе, афсарону сарбозон ва ҷавонони касбу кори гуногун, сохторҳои ҳамоҳангсоз ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Дар оғози маросим муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор баромад намуда, фаъолияти соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанберо дар заминаи дастгириву ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳи ҳамешагии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ арзишманд арзёбӣ намуданд.
Аз ҷумла таъкид гардид, ки мақсади дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонон ба омӯзиши илмҳои муосир, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва тарбияи ватандӯстиву худогоҳии онҳо, рушди фаъолияти волонтёрӣ, фарҳангдустӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим 1674 чорабинӣ бо фарогирии 448 ҳазору 325 нафар, рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш 1310 чорабинӣ бо фарогирии 602 ҳазору 231 нафар, дар маҷмуъ 2984 чорабинӣ бо фарогирии беш аз 1 миллиону 50 ҳазор нафар гузаронида шуданд.
Дар идома, барои ҳамкориҳои судманд ва дастгириҳои доимӣ ва фаъолияти пурсамар дар самти татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ва рушди соҳаи варзиш зимни натиҷагирии соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе як қатор сохтору мақомотҳо, ки давоми соли 2023, ҳамоҳангӣ ва саҳмгузорӣ намуданд, бо ифтихорномаву сипоснома ва тӯҳфаҳои рамзӣ дар вазъияти тантанавӣ қадршиносӣ гардиданд.
Дар фарҷом, барномаи фарҳангӣ бо иштироки сарояндагони шинохтаи кишвар, барномаи варзишӣ бо иштироки дастпарварони муассисаҳои варзишии пойтахт пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд.