ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №42 АЗ 26.01.2024
Дар бораи тасдиқи Барнома, Нақшаи чорабиниҳо ва ҳайати Комиссияи ҷамъиятии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба таъмини иҷрои «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, марҳилаи якум (солҳои 2021-2025)» дар шаҳри Душанбе барои соли 2024
Бо мақсади татбиқи самарабахши фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия»
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Барнома, Нақшаи чорабиниҳо ва ҳайати Комиссияи ҷамъиятии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба татбиқи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, марҳилаи якум (солҳои 2021-2025)» дар шаҳри Душанбе барои соли 2024 тибқи замимаҳои 1, 2 ва 3 тасдиқ карда шаванд.
2. Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаи чорабиниҳои мазкурро таъмин намоянд.
3. Шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози татбиқи нақшаи чорабиниҳои мазкур муайян гардида, оид ба рафти амалисозии Стратегияи мазкур ҳамасола то 10 январ маълумот пешниҳод намояд.
4. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рўзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти татбиқи нақшаи чорабиниҳоро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ