НИШАСТИ МАТБУОТИИ НОҲИЯҲОИ ШОҲМАНСУР ВА ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАРГУЗОР ГАРДИДАНД.
14 Феврали 2024, Чоршанбе
ш.Душанбе. 14.02.2024. Имрӯз дар толори маҷлисии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур оид ба ҷамъбасти фаъолияти ноҳия дар соли 2023 нишасти матбуотӣ бо иштироки доираи васеи намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид.
Дар оғоз раиси ноҳия Билол Иброҳим барои ҳамкории мутақобилан судманд бо мақомот, тарғибу ташвиқи арзишҳои миллию давлатдорӣ ва муаррифиву инъикоси дастовардҳои иҷтимоию иқдисодӣ дар соли 2023 ба кулли рӯзноманигорон изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.
Раиси ноҳия доир ба муҳимтарин нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар соли 2023 дар назди намояндагони Васоити ахбори омма ба таври муфассал баромад намуд.
Ҳамчунин дар давоми рӯз дар ҳузури намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фиравсӣ доир гардид. Сараввал раиси ноҳия Гуреззода Умед ҳозиринро барои иштирок дар ниҳаст хушомадед гуфта, сипас оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар соли 2023 маълумоти муфассал доданд.
Дар интиҳо Умед Гуреззода бо додани супоришҳои қатъӣ ҷиҳати ислоҳи саривақтии камбудиҳои ҷойдошта ва таманниёти нек ба кулли иштирокчиён, ба ниҳасти матбуотии ноҳия ҳусни анҷом бахшид.