ФЕСТИВАЛИ ДӮСТИИ АФСАРОНУ САРБОЗОН ВА ҶАВОНОНИ СИННИ ДАЪВАТӢ: “БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ”
20 Феврали 2024, Сешанбе
Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки бо қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 15 феврали соли 2024, №89 “Дар бораи баргузор намудани чорумин Фестивали дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ, таҳти унвони “Барои давлату миллатам содиқона хизмат мекунам!”, бахшида ба таҷлили ҷашни 31-солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ гардидааст, давоми 6 рӯз аз санаи 17 то 23 феврали соли 2024 дар тамоми қисмҳои ҳарбию низомии ҳудуди шаҳри Душанбе Фестивали мазкур доир карда мешавад.
Мақсад аз ташкил ва баргузор намудани ин Фестивал самараноку мақсаднок истифода намудани инфрасохтори соҳаи варзиш, ҷалби афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватию то даъватӣ, ба варзиш ва таҳкими тарзи ҳаёти солим ташвиқ намудани ҷавонон, пешгирии бемориҳои сироятӣ, баланд бардоштани рӯҳияи афсарону сарбозон дар роҳи содиқона хизмат кардан ба Ватан, ҷалби ҷавонон ба ватандӯстию хештаншиносӣ, шиносоӣ пайдо намудан аз шароити хизмати афсарону сарбозон, ҷалби ихтиёрии онҳо ба хизмати ҳарбӣ, хосатан пешгирии наврасону ҷавонон аз амалҳои номатлуби иҷтимоӣ ва ҳушёрию зиракии сиёсии онҳо мебошад.
Маросими оғози Фестивал бо ба намоиш гузоштани тамоми дастовардҳои ҳарбию низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият менамоянд дар қисми ҳарбии 3502 Қушунҳои дохилаи Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Дар чорабинӣ робҳарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои дохилаи Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони комиссияи даъватии ноҳияҳои шаҳр, сохторҳои соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш, маориф, тандурустӣ, роҳбарияти воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, падару модарони сарбозон, хонандагони синфҳои болоии МТМУ шаҳри Душанбе, дар умум беш аз 2000 нафар афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватию то даъватӣ ҳузур доштанд.
Қисмати расмии Фестивалро сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҳимзода Шоҳзод оғоз намуда, дар он муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Парвиз ва Рауфзода Сӯҳроб Орзу фармондеҳи Қӯшунҳои дохилаи Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданад.
Дар идома номаи сипоси афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбию низомии ҳудуди шаҳри Душанбе ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қироат гардид.
Аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ Фестивали дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ таҳти унвони «Барои давлату миллатам содиқона хизмат мекунам» расман кушода эълон гардида, суруди миллӣ садо дод ва гузашти низомӣ доир карда шуда, намоиши машқҳои ҳарбӣ-варзишӣ пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд
Фестивал аз чор қисмат иборат буда, қисмати аввали онро маросими ифтитоҳӣ, қисмати дуюму сеюми онро сексияҳои варзишӣ аз рӯйи намудҳои варзишии футболи хурд, волейбол, шоҳмот, гӯштини миллӣ ва варзиши сабук дар ду марҳила, марҳилаи интихобии 1-ум дар заминаи қисмҳои ҳарбию низомӣ ва марҳилаи интихобии 2-юм дар сатҳи шаҳр, инчунин даври чоруми Фестивал маросими ҷамъбастӣ ва ҷоизасупории дастаҳои ғолиб бо ташкили Фестивали гулчини сурудҳои ватандӯстонаи “Суруди сарбоз” баргузор карда шуд.
Инчунин, дар доираи фестивал дар толори Кохи афсарон бо иштироки роҳбарият, афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ ва то даъватӣ Конференсияи илмӣ – амалӣ ва назариявӣ дар мавзӯи “Дастовардҳои ҳарбию низомии даврони истиқлолият: ҳолат ва дурнамо” мулоқоту вохӯриҳо бо афсарону сарбозон ва курсантон дар донишкадаҳои сарҳадӣ ва олии ҳарбӣ, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти унвони “Пос доштани обу хоки Ватан - рисолати ҷавонмардист!”, (дар сатҳи Раёсат ва комендатура), мизи мудаввар дар мавзӯи “Хизмат ба Ватан - шарафи ҷавонмардист!”, аксияҳои иттилоотию тарғиботӣ дар мавзӯи “Ба муҳофизати ватани маҳбубамон омода бош!” баргузор карда шуда, наздик ба 5000 адад варақаҳои иттилоотӣ ва 500 адад китобҳои ватандӯстона аз ҷониби волонтёрон дастраси сокинони пойтахт, хоса наврасону ҷавонон гардонида шуд.
Санаи 23 феврали соли 2024 дар толори “Кохи Сурӯш”-и шаҳри Душанбде маросими ҷамъбасти Фестивал ва қадршиносии ғолибон дар назар дошта шудааст.
Дар чорабинӣ, ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои варзишӣ, ки аз намудҳои “шоҳмот”, гӯштини миллӣ”, “варзиши сабук”, “футбол”, “волейбол” ва “шашка” миёни афсарону сарбозон ташкил ва баргузор карда шуданд, дар вазъияти тантанавӣ бо Диплом, медал, ҷом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Дар фарҷом, Фестивали гулчини сурудҳои ватандӯстонаи “Суруди сарбоз” баҳри болидарӯҳии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ ташкил ва баргузор мегардад.