ҶОНИБДОРӢ АЗ ПЕШНИҲОДИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ
ш.Душанбе. 21.02.2024. Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе бо мақсади ҳамовозӣ ва ҷонибдории ҷавонону варзишгарон ва сокинони касбу кори гуногуни пойтахт оид ба пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба эълони “Рӯзи ҷаҳонии футбол” тариқи қабули Қатъномаи махсус аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ҷалби наздик ба 10000 нафар дар назди “Шаршара” - и Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе ҳамоиш ва роҳпаймоӣ аз назди шаршараи Наврӯзгоҳ тариқи хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то пули мошингузар баргузор карда шуд, ки дар ин ҳамоиш ва роҳпаймоӣ иштирокчиён бо руҳу илҳоми болида иштирок намуда, аз пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба эълони “Рӯзи ҷаҳонии футбол” ҷонибдорӣ намуданд.