ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №166 АЗ 28.03.2024
Дар бораи баргузор намудани чорумин Фестивали дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои Наврӯзӣ»
Бо мақсади татбиқи банди 11 Нақшаи кори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2024, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 29 декабри соли 2023, №729 тасдиқ гардидааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Рӯзи 29 марти соли 2024 дар шаҳри Душанбе чорумин Фестивали дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои Наврӯзӣ» баргузор карда шавад.
2. Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва баргузории Фестивали дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои Наврӯзӣ» ва ҳайати Кумитаи тадорукот тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.
3. Муовини якум, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр якҷо бо сохторҳои дахлдор барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ баргузор намудани фестивали мазкур тадбирҳои амалӣ андешанд.
4. Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози баргузории фестивали мазкур муқаррар карда шуда, ҷиҳати ташкилу ҷамъбасти он дар ҳамкори бо Кумитаи тадорукот чораҳои зарурӣ роҳандозӣ намояд.
5. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти чорабиниро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.
6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ