Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №168 АЗ 29.03.2024

29 Марти 2024, Ҷумъа

Дар бораи баргузор намудани Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе ба муносибати «Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе»

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани «Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣва варзиш»,

                                                    Қ А Р О Р   М Е К У Н А М

1. Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба баргузории Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе ба муносибати «Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе», ҳайати Кумитаи тадорукот, низомнома ва харҷномаи он тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).

2. Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои Фонди рушди пойтахт барои ташкили Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе мутобиқи харҷномаи замимагардида 546860 (панҷсаду чилу шаш ҳазору ҳаштсаду шаст) сомониро ба шуъбаи муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд.

3. Кумитаи тадорукот дар ҳамкорию ҳамоҳангӣбо муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раиси ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе ва роҳбарони сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ доир намудани чорабинии зикршуда тадбирҳои зарурӣандешанд.

4. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» дар ҳамкорӣ бо муассисаи давлатии «Телевизиони Варзиш» инъикоси васеи муҳтавои қарори мазкур ва рафти татбиқи чорабиниро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

5. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                                     Рустами  Эмомалӣ

Илова кунед