Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №251 АЗ 16.04.2024

16 Апрели 2024, Сешанбе

Дар бораи қатъ намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ҳангоми баргузории Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе ба муносибати «Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе»

Бо мақсади таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба баргузории Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе ба муносибати «Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ва моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»

                                                               Қ А Р О Р   М Е К У Н А М:

1. Ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз бурриши кӯчаҳои Саъди Шерозӣ – Ҳофизи Шерозӣ то дидбонгоҳи Чорбоғ ва аз дидбонгоҳи Чорбоғ тариқи хиёбони Рӯдакӣ, то майдони «Дӯстӣ» тибқи хатсайри замимагардида санаи 20 апрели соли 2024 аз соати 0800 то 1100  манъ карда шавад.

2. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар кӯчаҳои ҳамшафати макони баргузории Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе ва бехатарии ҳаракати шаҳрвандон чораҳои мушаххаси мақсаднокро роҳандозӣ намояд.

3. Шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи соҳаи нақлиёти шаҳрӣ ҷиҳати таъмини мунтазами ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум тавассути дигар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе тадбирҳои зарурӣ андешанд.

4. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти чорабиниро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.    

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.

                                                                             Рустами  Эмомалӣ

Илова кунед