ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №295 АЗ 08.05.2024
Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025
Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024, №192 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025, тасдиқ карда шавад (замимаи 1).
2. Ситоди шаҳрӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025, таъсис дода шавад (замимаи 2).
3. Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои шаҳри Душанбе новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият, доир ба сари вақт омода намудани корхонаю ташкилотҳо дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 барои фаъолияти самарабахш, нақшаи чорабиниҳои мушаххасро таҳия ва амалӣ намоянд.
4. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025, ҷиҳати иҷрои саривақтии қарори мазкур ва ҳалли масъалаҳои бамиёномада дар ноҳияҳо, корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои шаҳрӣ таҳти сарварии раисони ноҳияҳо ва роҳбарони аввали сохторҳо ситоди дахлдор таъсис дода шавад.
5. Муассисаи «Шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе» чорабиниҳои санҷишиву омодасозии бинову иншооти таъиноти гуногунро (манзилҳои истиқоматӣ, муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва ғайра) тибқи талаботи қарори мазкур ба анҷом расонида, мутобиқи талаботи қонунгузории амалкунанда бо истифодабарандагони энергияи гармӣ шартномаҳои дахлдори хизматрасониро ба имзо расонад.
6. Раисони ноҳияҳои шаҳр, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ, соҳибмулкони манзили биноҳои бисёрхонагӣ баҳри омода намудани системаҳои гармитаъминкунии дохили биноҳо ва пешниҳоди шиносномаи тайёрӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
7. Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» бо мақсади омодасозии иншооту воситаҳои технологии истеҳсолу интиқоли оби нӯшокӣ, тозакунии оби ғализ ва таъмини фаъолияти мунтазаму самараноки онҳо дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024 - 2025 ҷиҳати ба миқдори меъёрӣ захира намудани маводи безараргардонӣ ва обсофкунӣ дар истгоҳҳои обтаъминкунии шаҳрӣ, тадбирҳои зарурӣ андешад.
8. Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиёт-хадамотрасон» якҷо бо корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии «Автобус - 1», «Автобус - 2», «Автобус - 3» ва «Троллейбус» нақшаи чорабиниҳои омодагиро барои гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024 – 2025 то 1 июни соли 2024 таҳия ва тасдиқ намоянд.
9. Ҷаласаҳои сайёри ситоди шаҳрӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдор бо иштироки бевоситаи роҳбарони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ ва роҳбарони сохторҳои шаҳриву ноҳиявии марбута гузаронида шаванд.
10. Сардори ситоди шаҳрӣ дар ҳолатҳои зарурӣ роҳбарони корхонаю идораҳо, муассисаҳо ва намояндагони дахлдори Мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатиро барои баррасии масъалаҳои корӣ ба ҷаласаҳо даъват намояд.
11. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр, корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои шаҳри Душанбе новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият дар мувофиқа бо муовинони Раиси шаҳри Душанбе-сарпарастони соҳаҳо аз рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо то санаи 5-уми ҳар моҳ маълумоти муфассалро ба унвонии Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд.
12. Шуъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе то санаи 10-уми ҳар моҳ оид ба иҷрои муқаррароти қарори мазкур ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот манзур намояд.
13. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тавассути васоити ахбори омма қарори мазкур ва ҷараёни иҷрои онро пайваста инъикос намояд.
14. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ