Тоҷикӣ

МУЛОҚОТИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО КРИСТАЛИНА ГЕОРГИЕВА

16 Майи 2024, Панҷшанбе

16 май Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  бо Директори идории Хазинаи Байналмилалии Асъор хонум Кристалина Георгиева мулоқот намуданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  ба роҳбарияти Хазинаи Байналмилалии Асъор барои ҳамкориҳои пайваста изҳори сипос карда, кумаку дастгириҳои Хазинаро дар амалисозии барномаҳои мухталиф доир ба татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ, нигоҳдории суботи макроиқтисодӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардуми кишвар, бахусус дар давраи пандемияи коронавирус муҳим арзёбӣ намуданд.

Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳоро бо Хазинаи Байналмилалии Асъор ҷиҳати амалисозии минбаъдаи ислоҳоти иқтисодӣ ва тарақиёти бомароми кишвар зарур мешуморад.

Мусоидат ба таъмини суботи молиявӣ, таҳкими низоми бонкӣ, дастгирии лоиҳаҳое, ки ба ташаккули иқтисоди сабз, густариши рақамикунонӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва обу иқлим равона шудаанд, аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минбаъда номида шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.

Илова кунед