Тоҷикӣ

«ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ» РОҲПАЙМОИИ СОКИНОНИ ПОЙТАХТ БА ИСТИҚБОЛИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ВА РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ

23 Майи 2024, Панҷшанбе

ш.Душанбе. 23.05.2024. Имрӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол бо иштироки беш аз 25 ҳазор нафар сокинони касбу кори гуногуни пойтахт роҳмаймоӣ доир гардид.
Дар роҳпаймоии мазкур роҳбарият, масъулин ва кормандони вазорату корхонаҳои ҷумҳуриявӣ, дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, сохторҳои ноҳиявию шаҳрии соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳизбиёни фаъол, варзишгарон, гирандагони стипендияҳо, сарбозону афсарон роҳбарият ва устодону донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу литсейҳои касбӣ, дар умум ҷавонони саодатманди пойтахт, Пайравони Пешвои муаззами миллат тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, оғоз аз назди пули мошингузари Муассисаи давлатии "Маркази хизматрасонии "Обшорон" то назди Шаршараи Наврӯзгоҳ бо шиору овезаҳо роҳпаймоӣ намуданд.
Дар идома дар майдони назди Шаршараи Наврӯзгоҳ барномаи фархангву фароғатӣ таҳти унвони "Шарораи ҷавонӣ" доир гардид, ки дар қисмати расмии он раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар суханронӣ намуданд.
Роҳпаймоӣ ва чорабинии тантанавӣ бо мақсади қадрдонӣ аз хизматҳои шоёну шоистаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти маҳбуби тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди давлатдории навини тоҷикон ва ҷоннисориҳои бемисли ин шахсияти нотакрори таърихӣ ва ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Федератсияи футболи мамлакат муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол доир гардида, иштирокчиёни чорабинӣ бо шиорҳо муҳаббату самимият ва сипосгузории хешро изҳор доштанд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ барномаи фарҳангӣ аз ҷониби ҳунармандон ва аҳли фарҳанги пойтахт пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд.

Илова кунед