Тоҷикӣ

ОҒОЗИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ТОҶИКИСТОН - ВАТАНИ АЗИЗИ МАН”

20 Июни 2024, Панҷшанбе

ш.Душанбе.20.06.2024. Имрӯз бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дар толори фарҳангии Раёсати фарҳанги шаҳр, даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман!» дар шаҳри Душанбе оғоз гардид. Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман!» оғоз гардид.
Дар маросими ифтитоҳи чоарбинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе - раиси комиссияи даври шаҳрии озмун Дилбар Одилзода, ҳайати ҳакамони даври шаҳрӣ ва ғолибони даври ноҳиявии озмун аз ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки озмун бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав, инчунин таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ баргузор мегардад.
Озмун аз рӯи номинатсияҳои композиторӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн гузаронида мешавад. Гуфта мешавад, ки ҳар як номинатсия дорои талаботи махсуси касбӣ буда, дар вақти иҷро таълифи асари мусиқӣ, шеър, суруд ва оҳанг ба инобат гирифта мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки озмуни мазкур бо ибтикори Пешвои миллат аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дахлдор баргузор карда мешавад. Озмун дар байни хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии санъату фарҳанг, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии соҳаи маориф ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, инчунин муассисаҳои таълимии хусусӣ, композиторон (оҳангсозон), сарояндагон, овозхонон, навозандагон, ҳунармандон, иштирокчиёни филармония ва театрҳои халқӣ, гурӯҳҳои ҳунарии назди раёсат, шуъба ва бахшҳои фарҳанги вилоят ва шаҳру ноҳия, аъзои ансамблҳои тарона ва рақс ва фолклорӣ, сарояндаҳои санъатдӯст, ансамблҳои оилавӣ, шахсӣ ва истеъдодҳое, ки алоҳида фаъолият менамоянд, иштирок карда метавонанд.

Илова кунед