МУЛОҚОТИ МУОВИНОНИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТИ “REXGEN CO LTD”
24 Июни 2024, Душанбе
ш.Душанбе. 24.06.2024. Имрӯз муовинони Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон ва Саидзода Фирдавс бо намояндагони ширкати кореягии “Rexgen co LTD” мулоқот намуданд. Дар мулоқот масъалаҳои барои ҳарду ҷониб судманд баррасӣ шуданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо тақвияти ҳамкориҳоро дар самтҳои гуногун мувофиқи мақсад шуморида, миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкати «Рексген ко ЛТД» қарордод ба имзо расонида шуд.
Дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои барои ҳарду ҷониб судманд мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.