БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРӢ ҶИҲАТИ ДАР САТҲИ БАЛАНД ТАШКИЛ НАМУДАНИ ЧОРАБИНИҲОИ ДАРПЕШИСТОДА
12 Августи 2024, Душанбе
ш.Душанбе. 12.08.2024. Имрӯз дар толори маҷлисии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Зимни ҷаласа қайд гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик бузургтарин ва муқаддастарин ҷашн маҳсуб меёбад, аз ин рӯ, дар пойтахти кишвар ба муносибати таҷлили бошукуҳи ҷашни Истиқлоли давлатӣ чандин чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар робита ба ин, ба тамоми сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва масъулини соҳа барои омодагии ҷиддӣ ва таҷлили бошукӯҳи ин чорабинии муҳимми сиёсӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Ҳамзамон, зимни ҷаласаи мазкур масъалаи пешвози мутантан ва сазовори ҷоизадорони Бозиҳои олимпии Париж-2024 мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қайд гардид, ки се нафар варзишгарони хушноми тоҷик- Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) ва Темур Раҳимов (+100) аз ҷудо ва Давлат Болтаев (-92) аз риштаи бокс медалҳои биринҷии Бозиҳои олимпии Париж-2024-ро ба даст оварданд.
Санаи 14-уми августи соли 2024, соати 8:00 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе тамоми ҳаводорони варзиш метавонанд, ки дар пешвози сазовори ҷоизадорони бозиҳои олимпӣ иштирок намоянд.
Илова бар ин, санаи 14-уми августи соли 2024, соати 19:30 дар Муассисаи давлатии "Амфитеатр"-и шаҳри Душанбе, бахшида ба истиқболи ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ чорабинии тантанавӣ дар назар дошта шудааст.