Тоҷикӣ

БАРГУЗОРИИ ПОЙГАИ АСПДАВОНӢ ДАР ПОЙТАХТ

08 Сентябри 2024, Якшанбе

ш.Душанбе. 08.09.2024. Дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе аз 22 августи соли 2024, №582 мусобиқаи пойгаи аспдавониро бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пойгаи аспдавонӣ доир гардид.
​Мусобиқа дар ҳамкорӣ бо Федератсияи “Пойга ва бузкашӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, дар он чобуксаворон ва аспҳои хоҷагиҳои асппарварӣ, ҷамъиятию хусусии вилоятҳо, шаҳрию ноҳияҳо ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд, ки маблағи умумии ҷоизаҳо 279750 сомониро ташкил медиҳад.
Қобили қайд аст, ки мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ байни аспҳои зоти тоҷикӣ, англисӣ ва ахалтекинии синну солашон аз 2 то 4 сола дар 8 марҳила ва дар масофаҳои аз 1200 то 1800 метр баргузор гардида, ғолиби мақоми аввал ба 10000 сомонӣ, ҷойи дуюм ба 7000 сомонӣ ва зинаи сеюм ба 5000 сомонӣ, инчунин диплом, медал ва ҷом қадрдонӣ карда шуданд.
Мақсад аз баргузор намудани чорабинии мазкур пеш аз ҳама тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҳарчи бештари аҳолӣ ба намудҳои миллии варзиш хусусан, пойгаи аспдавонӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Илова кунед