Тоҷикӣ

ТАНТАНАИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

09 Сентябри 2024, Душанбе

ш.Душанбе. 09.09.2024. Шоми имрӯз дар Майдони Истиқлол барномаи консертии бошукуҳ бо иштироки ҳунармандони саршиноси кишвар баргузор гардид.
Дар оғоз муовини Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед баромад намуда, табрикоти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба муносибати 33-юмин солгарди Истиқлоли кишвар ба кулли сокинони пойтахт ва меҳмонони он расониданд.
Қайд гардид, ки даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.
Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 33 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.
Ҳодисаву воқеаҳои пурошӯби ибтидои солҳои навадум водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлатии мо маҳсуб мешуд.
Сипас чорабинии ҷашниро ҳунармандони намоёни кишвар бо суруду таронаҳои саршор аз тараннуми Ватану Меҳан зиннати хосае бахшиданд.
Дар охир мушакпарронии зебое пешкаши сокинон ва меҳмонони пойтахти кившар-шаҳри зебои Душанбе гардонида шуд.

Илова кунед