ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ, БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ - ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
26 Сентябри 2024, Панҷшанбе
Ҳамдиёрони азиз!
Шуморо ба муносибати санаи фархундаи Рӯзи Маҷлиси Олӣ - Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҷлили он ба 26 сентябр рост меояд, самимона табрик мегӯям.
Зери сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи амалӣ намудани ислоҳоти конститутсионӣ дар кишвар, ки 26 сентябри соли 1999 ба вуқӯъ пайваст, дар ҷумҳурӣ ба таъсиси Маҷлиси Олии дупалатагӣ – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон замина гузошта шуд, ки он шурӯъ аз соли 2000 то имрӯз фаъолияти самараноку муназзам дорад.
Мақоми олии қонунгузори кишвар – Маҷлиси Олӣ дар радифи иҷрои рисолати қонунэҷодкунӣ ва намояндагӣ аз халқ, танзими пояи ҳуқуқӣ ва қолаби қонунии рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тавонист низоми ҳуқуқии кишварро ба низоми ҳуқуқии давлати комилан мустақили миллӣ табдил диҳад.
Парламенти Тоҷикистон дар баробари истифодаи таҷрибаи ҷаҳонӣ роҳи таърихии ҳуқуқэҷодкунии мамлакатро дар пайвастагӣ бо манфатҳои миллӣ таҳия намуда, бо қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дар таҳияи низоми ҳуқуқии кишвар, тавсеаи демократия, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаклгирии давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷик нақши муҳим мебозад.
Аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси баланди ҳувият ва ифтихори миллӣ дар масири пешбурди сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқонаву софдилона фаъолият менамоянд ва тавассути қабули қонунҳои пурсамар дар татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ саҳми босазо мегузоранд.
Бори дигар ҳамаи шумо, ҳамватанони азиз, хосатан кулли вакилону намояндагони интихобнамудаи мардумро ба муносибати Рӯзи Маҷлиси Олӣ - Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини мамлакат сулҳу оромӣ, файзу баракат ва иқболу хушбахтӣ орзу менамоям.