ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №652 АЗ 13.09.2024
Дар бораи таҷлили ҷашни 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Бо мақсади дар сатҳи шоиста таҷлил намудани ҷашни 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои банди 74 Нақшаи кори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2024, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 29 декабри соли 2023, №729 тасдиқ гардидааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
Қ А Р О Р М Е К У Н А М :
1. Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣва таҷлили ҷашни 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷрои саривақтӣва босифати нақшаи чорабиниҳои мазкурро таъмин намоянд.
3. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти татбиқи нақшаи чорабиниҳоро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.
4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ