БАРГУЗОРИИ ФОРУМИ МИЛЛӢ: “ДУШАНБЕ - ОЯНДАИ ҲУШМАНД ВА УСТУВОР” ДАР ПОЙТАХТ
22 Октябри 2024, Сешанбе
ш.Душанбе. 22.10.2024. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми миллӣ оид ба Шарҳи ихтиëрии маҳаллӣ: «Душанбе - ояндаи ҳушманд ва устувор» доир гардид.
Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон баромад намуда, қайд кард, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 28 марти соли 2023 таҳия ва омодасозии Шарҳи ихтиëрии маҳаллии шаҳри Душанберо шуруъ намуд. Шарҳи ихтиëрии маҳаллӣ равандест, ки мамлакат тавассути он вазъи рушди иқтисодию иҷтимоиро дар сатҳи шаҳр ва пешравиҳоро ҳамчун раванди пайгирӣ ва механизми бознигарӣ дар самти татбиқи Рӯзномаи глобалӣ барои давраи то соли 2030 арзёбӣ ва пешниҳод менамояд.
Ҳадафи Шарҳи ихтиëрии маҳаллӣ, ин баррасии самту имконияти рушди пойтахт дар раванди ноилшавӣ ба Ҳадафҳои Рушди Устувор бо такя ба қарору технологияҳои ҳушманду устувор мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз аввалин шаҳрҳое аст, ки Шарҳи ихтиëрии маҳаллии худро оид ба дастовардҳои рушд ва ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор дар арсаи байналмилалӣ пешниҳод мекунад.
Дар таҳияи ин шарҳ Душанбе пайравӣ ба таҷрибаи миллиро ҳамчун замина барои рушди ҳамкории бисёртарафа, таҳким бахшидани мавқеи мамлакат дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҷалби шарикони наву сармоягузориҳо истифода мебарад.
Дар ҷараёни ҳамоиш дигар намояндагони мақомот ва шарикони рушд маъруза намуда, тамоми бахшҳои ҳаëти иқтисодӣ ва иҷтимоии пойтахти мамлакатро дар доираи ин ҳадафҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.