БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ XXI ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
01 Ноябри 2024, Ҷумъа
ш.Душанбе.01.11.2024. Имрӯз дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Конференсияи XXI ҳисоботӣ — интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар кори он муовини Раиси ҲХДТ Мавлон Хайринисо Юсуфӣ, раиси Фраксияи ҳизб дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Фозилзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Иброҳим Мирзозода, собиқадори ҲХДТ Шамсиддин Орумбекзода ва роҳбарони якчанд вазорату идораҳо, кумитаҳо, муассисаҳои ҷумҳуриявию шаҳрӣ, ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии кишвар, ки ба ҳайси вакил аз ташкилотҳои ибтидоии ҳудуди пойтахт интихоб шудаанд, ширкат варзиданд.
Ҳамзамон дар конференсия раисони шуроҳои собиқадорони шаҳрию ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявии ҳизб, намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе, кормандони масъули сохторҳои ҳизбии пойтахт ва намояндагони ВАО ҳузур доштанд.
Конференсия бо садо додани Суруди миллии кишвар ба кори худ оғоз кард.
Рӯзномаи Конференсияи XXI ҳисоботӣ — интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз масъалаҳои ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе дар давраи ҳисоботӣ ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, ҳисоботи Комиссияи тафтишотии ташкилотҳои ЊХДТ дар шаҳри Душанбе дар давраи ҳисоботӣ, интихоби аъзои Кумитаи иљроияи шаҳрии ҳизб, аъзои Комиссияи тафтишотии ташкилотҳои ЊХДТ дар шаҳри Душанбе, интихоби вакилон ба Анҷумани XV Њизби Халќии Демократии Тољикистон ва интихоби сармуњаррири њафтаномаи «Мароми пойтахт»-и Кумитаи иљроияи Њизби Халќии Демократии Тољикистон дар шањри Душанбе иборат буд. Пас аз тасдиқи ҳайати Раёсат, котибот, комиссияи мандатӣ ва ҳайати таҳририя ҳисоботи раиси Кумитаи иљроияи шаҳрии ҳизб Иброҳим Мирзозода дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ташкилоти ҳизб дар давраи ҳисоботӣ ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда шунида шуд.
Гуфта шуд, ки давоми дуюним соли гузашта, њизбиёни пойтахт тањти шиори ҳизб «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» амал карда, саҳми худро дар рушду пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангиву сиёсӣ, маорифу тандурустӣ, ободониву созандагӣ ва таъмини зиндагии шоиставу арзандаи ҳар як сокини шаҳри Душанбе, ки аз њадафњои стратегии њизб ва сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҳизбамон муњтарам Эмомалї Рањмон бармеоянд, гузоштанд.
Тавре аз ҳисоботи Кумита бармеояд, дар ин марҳила тибқи дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ташкилотҳои ҳизбӣ дар ҳошияи ҳашари умумишаҳрӣ таҳти унвони “Шаҳри ман-хонаи ман” 22240 ҳашару шанбегиро бо сабзкорӣ ва шинонидани беш аз 70 000 бех ниҳоли ороишиву сояафкан баргузор карда, 38 майдончаи варзишӣ, ҷойи нишасти калонсолон ва бозии кӯдаконро рангубор ва таъмиру тармим намуданд.
Инчунин, ташкилотњои ибтидоии њизбии пойтахт дар доираи иқдоми Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бобати эълон намудани соли 2024 ҳамчун соли «Маърифати экологӣ» дар пойтахт ва амалишавии татбиќи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аксияи «Тозагии соҳил» ва ҳашарҳои муштараки тозагиро дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Шифо” ва “Ҷавонони пойтахт” бо тозаву озода намудани рўду дарёњои њудуди пойтахт ташкил ва баргузор намуданд.
Раиси кумита иброз дошт, айни ҳол шумораи аъзои њизб дар њудуди шањри Душанбе 88505 нафарро дар бар мегирад, ки аз ин теъдод 44499 нафар ё 50,27%-и онро занон ва 34854 нафар ё 39, 38% онро љавонон ташкил медињанд.
Танҳо давоми дуюним сол 19493 нафар шаҳрванд ба сафи ҳизб қабул гардида, дар пойтахт 134 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуд.
Ҳамчунин, ҳизбиёни пойтахт љињати шарњу тавзењи Паёми Президенти кишвар, баланд бардоштани эњсоси ватандорї ва ифтихор аз истиќлолу озодї, ташвиқи њадафњои оинномавию барномавии њизб ва дигар масъалаҳои дархӯри ҷомеа 35478 мулоќоту вохўрї ва хониши сиёсї доир намуданд, ки дар муќоиса ба њамин давраи њисоботї 14562 адад зиёд мебошад.
Зикр гардид, ки дар ин муддат сохторҳои ҳизбӣ бо ҷалби фаъолону вакилон ва ҷонибдорони худ дар доираи сиёсати хайрхоҳонаву эҳсонкоронаи Раиси муаззами ҳизбамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 16663 нафар аз оилаи ниёзманду бесаробон ва тарбиятгирандагони хона-интернатҳо кумакҳои моддиву молиявӣ расониданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи ҳисоботӣ 3847 кумак зиёд мебошад.
Дар ин замина, дар доираи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ба қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ 2809 нафар сокини шаҳри Душанбе ба таври хаттиву шифоҳӣ муроҷиат намуд, ки аз ин теъдод талаботи 2755 нафар шаҳрванд қонеъ гардонида шуда, 54 адади он дар баррасии сохторҳо қарор дорад.
- Анъанаи шоёни дигар ва қобили зикри махсус дар ин самт ин аст, ки давоми ду сол мешавад кумитаҳои иҷроияи шаҳриву ноҳиявии ҳизб сарпарастии 76 нафар маъюби гурӯҳҳои якум ва дуюмиро ба зимма гирифта, ҳар моҳ ба онҳо “Нафақаи ҳизбӣ” дар ҳаҷми 500 сомонӣ дастрас менамоянд, ки дар маҷмӯъ, ҳаҷми умумии маблағи мазкур ба 825 ҳазор сомонӣ рост меояд,-иброз дошт Иброҳим Мирзозода.
Аз рӯйи масъалаи дуюми Конференсия Раиси Комиссияи тафтишотии ташкилоти ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Икром Субҳонзода оид ба фаъолияти комиссия ҳисобот дод.
Дар музокира муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, вакил аз ноњияи Сино Гулназарзода Жило, вакил аз ноњияи Фирдавсӣ Орумбекзода Шамсиддин, вакил аз ноҳияи Шоҳмансур Хушвахт Салимзода, вакил аз ноњияи Исмоили Сомонӣ Одиназода Рамазон, вакил аз ноҳияи Сино Неъматуллозода Муродбек ва вакил аз ноњияи Исмоили Сомонӣ Ғаниев Рустам фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд.
Дар идома муовини Раиси ҲХДТ Мавлон Хайринисо Юсуфӣ атрофи фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб дар давраи ҳисоботӣ, корҳои дохилиҳизбӣ, риояи ҳатмии Оиннома ва татбиқи Барномаи ҳизб, сари вақт супоридани ҳаққи узвият, қабули шахсони арзанда ба сафи ҳизб, ҷоннок намудани корҳо дар сатҳи маҳаллаҳо бо қишрҳои осебпазири ҷомеа, бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта, ҷалби аъзои нав ба сафи ҳизб, таъсиси ташкилоти нави ибтидоӣ ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ суханронӣ намуда, дар маҷмӯъ, фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизбро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ кард.
Ҳамзамон, Мавлон Хайринисо Юсуфӣ аз масъулин ва ҳизбиёни пойтахт тақозо кард, ки 30-солагии Рӯзи таъсисёбии ҳизбро бошукӯҳ таҷлил намуда, ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корро ҷоннок намуда, баҳри саҳм гузоштан дар ин ҷашни муборак тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Вакилони конференсия, инчунин аъзои нави Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизбро иборат аз 81 нафар ва аъзои Комиссияи тафтишотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо иборат аз 7 нафар интихоб карданд.
Илова бар ин, вакилони конференсия номзадии 285 нафарро ҳамчун вакил аз ташкилотҳои ҳизбии пойтахт барои иштирок дар Анҷумани 15 -уми Њизби Халќии Демократии Тољикистон ҷонибдорӣ намуданд.
Дар охир раиси Кумита Иброҳим Мирзозода дар мувофиқа бо Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ номзадии Олимов Шаҳриёрро дигарбора ба вазифаи сармуҳаррири ҳафтаномаи «Мароми пойтахт»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе пешбарӣ намуд, ки аз ҷониби вакилон ҷонибдорӣ ёфт.
Ҳамин тариқ, аз рӯйи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Пас аз анҷоми конференсия маҷлиси нахустини Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб бо иштироки аъзои нав баргузор гардид.
Дар маҷлис масъалаҳои интихоби аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тибқи масъалаи якуми рӯзнома, аъзои нави Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, иборат аз 27 нафар интихоб гардиданд.
Сипас, муовини Раиси ҲХДТ Мавлон Хайринисо Юсуфӣ дар мувофиқа бо Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номзадии Иброҳим Мирзозодаро аз нав ба ҳайси Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе пешбарӣ намуд, ки аз ҷониби аъзои кумита ҷонибдорӣ ёфт.
Дар охир як қатор фаъолони ҳизб барои фаъолияти пурсамар бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ҳавасманд гардонида шуданд.