Тоҷикӣ

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

05 Ноябри 2024, Сешанбе

ш.Душанбе. 05.11.2024. Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Конференсияи илмӣ-амалӣ ва ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони "Конститутсия - кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва омили рушди тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон" баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, вазорату идора ва кумитаҳои давлатӣ, собиқадорони соҳа, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар намояндагони мақомоти давлатӣ иштирок намуданд.
Дар қисмати ифтитоҳии чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Қурбонализода Нурулло бо маърузаҳо баромад намуда, аҳли нишастро ба муносибати 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд. Аз ҷумла зимни баромади худ роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Қурбонализода Нурулло табрикоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба самъи иштирокчиёни ҳамоиш расонид.
Қайд гардид, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар барои амалишавии меъёрҳои Конститутсия тамоми шароит муҳайё карда шудааст. Шаҳрвандон дар фазои сулҳу ваҳдат ба Конститутсия ва меъёрҳои он эҳтиром мегузоранд. Бавижа дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, корхонаву муассисаҳои пойтахт 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил карда мешавад.
Сипас маросими супоридани ҷоиза ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявии "Хонаи беҳтарин", "Маҳаллаи беҳтарин", "Деҳаи беҳтарин", "Ноҳияи беҳтарин" ва "Шаҳри беҳтарин" баргузор гардид, ки пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе соҳиби шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии "Шаҳри беҳтарин" гардид.
Дар идомаи чорабинӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ализода Зариф ва ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин бо маъруза баромад намуда, паҳлуҳои гуногуни Конститутсияро шарҳу тавзеҳ доданд.
Дар идома чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ пешкаши иштирокчиёни ҳамоиш карда шуд.

Илова кунед