ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ ОИД БА ВОЛЕЙБОЛ ВА ТЕННИСИ РӮИ МИЗ ДАР ПОЙТАХТ
ш.Душанбе. 28.11.2024. Дар партави сиёсати варзишпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои навбатии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ, бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 1 ноябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе мусобиқаҳои варзишӣ оид ба волейбол ва тенниси рӯйи миз бо иштироки беш 54 даста аз ҳисоби кормандони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оғоз гардида, маросими ҷамъбастии он имрӯз доир карда шуд. Дар фарҷом ғолибони мусобиқаҳои мазкур бо ҷом, медал, диплом ва туҳфаю мукофотҳои пулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд.