БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ - НАЗАРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ «МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ - ОМИЛИ УСТУВОРИ РУШДИ ИНСОНӢ»
05 Декабри 2024, Панҷшанбе
ш.Душанбе. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Ҳамоиши илмӣ - назариявӣ дар мавзӯи «Маърифати ҳуқуқӣ - омили устувори рушди инсонӣ» бахшида ба
30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо мақсади дар амал татбиқ намудани амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 15 марти соли 2024, №АП-533 ва қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 аз 16 апрели соли 2024, №252 ташкил карда шуд.
Дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Фақерзода Рустам, Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Иззатулло Ҳабибулло ва Азизода Убайдулло Абдулло - мудири кафедраи назрияи давлат ва ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷиистон, кормандони ҷавони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ ва ироаи маърӯзаҳо нақши «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 дар тақвияти маърифати ҳуқуқӣ баҳри ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ, эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмини волоияти ҳуқуқу тартибот таъкид гардид.