Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №23 АЗ 15.01.2025

15 Январи 2025, Чоршанбе

Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Лоиҳакашии роҳҳои автомобилгард»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Бо мақсади амалӣ намудани корҳои ободонию созандагӣ ва бунёди роҳҳои автомобилгарди ба талаботи замони муосир ҷавобгуй, мутобиқи моддаҳои 19, 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 128 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон,

                                                         ҚАРОР МЕКУНАМ:

  1. Муассисаи давлатии «Лоиҳакашии роҳҳои автомобилгард»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъсис дода шавад.
  2. Оиннома, басти воҳидҳои корӣ ва фонди музди меҳнати роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии «Лоиҳакашии роҳҳои автомобилгард»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тибқи замимаҳои 1, 2 ва 3 тасдиқ карда шаванд.
  3. Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои оғози фаъолияти муассиса аз соли 2025 ҳангоми таҳияи лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе маблағҳои заруриро пешбинӣ намояд.
  4. Муассисаи давлатии «Лоиҳакашии роҳҳои автомобилгард»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор тибқи тартиби муқарраргардида бақайдгирии давлатӣ ва дастрас намудани ҳуҷҷатҳои зарурии фаъолияти муассисаро ба анҷом расонад.
  5. Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои таъмин намудани муассиса бо бинои маъмурӣ чораандешӣ намояд.
  6. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.
  7. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
  8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе - сарпарасти соҳа гузошта шавад.        

                                                                         Рустами  Эмомалӣ

Илова кунед