Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №158 АЗ 19.03.2025

19 Марти 2025, Чоршанбе

Дар бораи баргузор намудани мусобиқаи байналмилалии Гран ─ Слам оид ба гӯштини ҷудо дар шаҳри Душанбе 

Бо мақсади ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, мутобиқи моддаҳои 19, 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»

                                                    Қ А Р О Р  М Е К У Н А М:

1.   Мусобиқаи байналмилалии Гран ─ Слам оид ба гӯштини ҷудо санаҳои 2 то 4 майи соли 2025 дар Муассисаи давлатии «Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.

2.   Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати омодагӣ ва баргузор намудани мусобиқаи байналмилалии Гран ─ Слам оид ба гӯштини ҷудо ва ҳайати Кумитаи тадорукот тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

3.   Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои марбутаи дастгоҳи Раиси шаҳр ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани мусобиқаи зикршуда чораҳои зарурӣ андешанд.

4.   Муовини Раиси шаҳри Душанбе ─ сарпарасти соҳа, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи тадорукот, сохторҳои ҷумҳуриявӣ ва Федератсияи ҷудои Тоҷикистон иштироки беҳтарин варзишгарони кишварҳои хориҷӣ ва варзишгарони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро мутобиқи меъёрҳои муқарраргардида дар мусобиқаи мазкур таъмин намоянд.

5.   Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории мусобиқаи мазкурро дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Телевизиони варзиш» таъмин намоянд.

6.   Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе ва муовини Раиси шаҳри Душанбе ─ сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                                        Рустами Эмомалӣ

Илова кунед