Тоҷикӣ

ГУСТАРИШИ МУНОСИБАТҲОИ МУТАҚОБИЛАН СУДМАНДИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

27 Апрели 2026, Душанбе

Бо даъвати Ҳукумати Фландрияи Подшоҳии Белгия, рӯзҳои 27 апрел - 2 майи соли 2026 сафари кории ҳайати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ин кишвар пешбинӣ гардидааст.
Дар доираи ин сафар анҷоми дидору мулоқотҳо бо роҳбарияти Ҳукумати Фландрия ва шаҳри Антверпени Подшоҳии Белгия, инчунин баргузории ҳаммоишҳои иқтисодию сармоягузорӣ бо иштироки бахшҳои давлатию хусусии ин минтақаҳо ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамзамон, зимини ин сафари корӣ ташрифи ҳайати шаҳри Душанбе аз шаҳрҳои Люксембурги Ҳерсогии Бузурги Люксембург ва Маастрихти Подшоҳии Нидерланд, инчунин танзими мулоқотҳои дуҷониба ва боздид аз як қатор иншоотҳои марбут ба рушди устувори шаҳрдорӣ сурат мегирад.

Илова кунед