ҒОЛИБОНИ МИСС ДУШАНБЕ МУАЙЯН ГАРДИДАНД.
30 Апрели 2026, Панҷшанбе

ш.Душанбе. 30.04.2026. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, имрӯз озмуни шаҳрии “Miss Dushanbe - 2026” ҷамбаст ва ғолибон дар 3 номинатсия муайян гардиданд.
Раҷабова Сумая ғолиби номинатсияи Miss Popular choice (Мисс маҳбуби дилҳо) шуда, сазовори 100 000 сомонӣ ва тоҷи тиллоӣ гардид.
Дар номинатсияи Miss Intellect Субҳия Тоҳирзода ғолиб омада, соҳиби 100 000 сомонӣ ва тоҷи тиллоӣ гардид.
Фариштамоҳ Асламова ғолиби ҷои асосӣ гардида, соҳиби 150 000 сомонӣ ва тоҷи тиллоӣ шуд.







