РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ: МУЛОҚОТ БО РАИСИ КОНФЕДЕРАТСИЯИ УМУМИҶАҲОНИИ ВАРЗИШИ МИЛЛӢ
ш.Душанбе. 28.11.2019. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Туркия таҳти сарварии Раиси Конфедератсияи Умумиҷаҳонии Варзиши миллӣ ҷаноби Наҷмиддин Билол Эрдуғон, ки бо сафари корӣ дар ҷумҳурии мо меҳмон мебошанд, вохӯрӣ намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи тарафайн мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор дода шуд.
Маҳаки асосии музокиротро масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар чаҳорчӯбаи Конфедератсияи Умумиҷаҳонии Варзиши миллӣ ташкил дод.
Тазаккур дода шуд, ки ҳамкориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо сохторҳои Ҳукумати Туркия торафт густаришу тақвият меёбад ва имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон наздики 20 ширкати маъруфи Туркия намояндагиҳои худро ифтитоҳ намудаанд.
Ба ин ҳамкориҳо, робитаҳои бародаршаҳрӣ байни пойтахтҳои ду кишвар - шаҳрҳои Душанбе ва Анқара, ки аз 11 декабри соли 2003 сарчашма мегиранд, бо мазмуну мундариҷаи нав такони ҷиддӣ мебахшанд.
Яке аз самтҳои ҳамкории байни ду кишварро робитаҳои варзишӣ ташкил медиҳанд.
Тазаккур дода шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи варзиш фаъолона рушд меёбад.
Дар баробари намудҳои анъанавӣ - футбол, гӯштин, волейбол, камонварӣ, гурзпартоӣ, таэквандо, бокс, инчунин намудҳои варзиши миллӣ, аз қабили аспдавонӣ, гӯштингирӣ, чавгонбозӣ ва ғайра хеле маъмул мебошанд ва ҳамасола дар арафаи ҷашни Наврӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар мусобиқаҳои зиёди аспдавонӣ, гӯштини миллӣ, чавгонбозӣ ва ғайра гузаронида мешавад.
Барои ташаккул ва оммавигардонии варзиши миллӣ дар Тоҷикстон Кумитаи ташкилии гузаронидани бозиҳои миллӣ таъсис дода шудааст.
Дар ҷараёни вохӯрӣ дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардиданд.